Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро 128 муроҷиаткунанда ноумед шуданд?

№19 (4439) 10.02.2022

DSC_02814 феврали соли 2022 Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти матбуотӣ доир намуд. Раиси он Маҳмадсаид Зувайдзода қайд кард, ки соли сипаришуда дар 1153 иншооти 65 шаҳру ноҳияи мамлакат 2517  санҷиши сифати корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ гузаронида, 4635 камбудӣ ошкор шуд. Дар ин робита, ба ширкатҳои сохтмонӣ 1043 амрнома дода шуда, ба маблағи 1099452 сомонӣ ҷарима таъин гардид.

- Айни ҳол нақшаи генералии 64 шаҳру ноҳия бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд, — изҳор дошт М. Зувайдзода. — Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ­ноҳияи Данғара низ ба итмом расида, ба наздикӣ барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Бо мақсади  таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ аз ҷониби ҶСК «Корезлоиҳа» солҳои 2020 — 2021 асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи канализатсия барои шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Носири Хисрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Истаравшан, Шаҳристон ва Истиқлол таҳия шуда, барои ҷалби сармоя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардидааст. Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шабакаҳои корезии шаҳри Душанбе низ таҳия ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Соли 2021 ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ ба кумита 496 ҳуҷҷат ворид гардидааст. Ба дархости 348 муроҷиаткунанда қонеъ шуда, 128 муроҷиаткунанда ҷавоби рад дода шуд.

Дар раванди саволу ҷавоб  маълум гардид, ки масъулини кумита дар татбиқи лоиҳаи  сохтмони биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳмгузоранд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»