- Таи ду соли охир шумораи довталабон ба макотиби олӣ кам гардидааст. Бо сабаби бемории COVID-19 соли 2020 ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дохил шуда натавонистанд. Соли гузашта ва имсол, ки сарҳадҳо кушода шуданд, сафи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик афзуд, — иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ С. Ҷаъфарзода директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии довталабони макотиби олӣ дар кишвар соли 2022-юм 82 ҳазору 718 нафарро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба соли 2021-ум 8813 нафар (9,63 фоиз) ва назар ба соли 2020-ум 17 ҳазору 680 нафар (17,61 фоиз) кам аст.
Аз шумораи умумии довталабон имсол танҳо 57 ҳазору 988 нафар ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварро пайдо карданд. Дар ҳамин ҳол, 22 ҳазору 470 довталаб натавонистанд аз озмуни тақсимот гузаранд.
Соли 2022 низ, монанди солҳои қаблӣ, шумораи бештари довталабон гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш)-ро интихоб карданд, ки ба 122,15 фоизи нақшаи қабул баробар аст.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, аз рӯи интихоби бештар дар ҷои дуюм гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) бо 101,67 фоиз, дар ҷои сеюм гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм 100,7 фоиз, дар ҷои чорум гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) бо 64,76 фоизи нақшаи қабул қарор доранд.
Дар муқоиса бо нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2022 шумораи камтарини довталабони номнависшуда ба гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) рост меояд, ки он ба 50 фоизи ҷойҳои нақшавии гурӯҳ баробар аст.
Ҳамчунин, довталабоне, ки дар даври асосии тақсимот аз рӯзи интихобашон унвони донишҷӯро нагирифтанд, имкон доранд аз 12 то 15 август дар марҳилаи нави азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи балҳои бадастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад.
Озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 холӣ мондаанд, ба роҳ монда мешавад.
Аз Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, ки пас аз даври озмуни тақсимоти такрорӣ шумораи пурраи довталабони ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ шомилшударо дар соли 2022 нашр менамоянд.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»