Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро қисми даромади буҷети нафақа иҷро нашуд?

№89 (4195) 23.07.2020

DSC_5403Бисту якуми июли соли равон нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Директори он Дилмурод Давлатзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли 2020 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1 миллиарду 297,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,9 миллион сомонӣ кам мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, 15 шаҳру ноҳияи кишвар, аз ҷумла, Панҷакент, Ваҳдат, Айнӣ, Дӯстӣ, Н. Хис­рав, Темурмалик, Ховалинг, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ишкошим, Дарвоз, Шаҳринав, Рашт, Файзобод ва Сангвор қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро таъмин карданд. Ба пуррагӣ иҷро нашудани нақша боис шуд, ки ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 192,2 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид гардад.

Аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии инфиродӣ дар 6 моҳ ба суратҳисоби Агентӣ 47 278,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар қиёс ба соли пеш 2189,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

- Шумораи умумии нафақагирон 722688 нафарро ташкил дода, андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 300,15 сомонӣ аст.

Талабот барои нафақа дар ин давра 1415,7 миллион сомониро ташкил дода, то 9 июл 1259 миллион сомонӣ ба ин самт равона шудааст.

- Бинобар таъмин нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар 323,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, — зикр кард номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа, ба мақсади такмил додани низоми таъминоти нафақа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» омода гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»