Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро истеҳсоли неруи барқ кам гардид?

№102 (4364) 10.08.2021

DSC_6939Муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Асозода Маҳмадумар вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 дар нишасти матбуотие, ки 30 июли соли равон баргузор гардид зикр намуд, ки истеҳсоли неруи барқ 7 милиарду 588,4 миллион кВт/ соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 401,2 миллион кВт кам мебошад. Сабаб кам шудани ҷоришавии об дар маҷрои дарёи Вахш мебошад.

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» 2 миллиарду 378,7 миллион кВт/соат неруи барқро ба маблағи 887,5 миллион сомонӣ харидорӣ кард. Содироти барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ 914,9 миллион кВт/соатро ташкил дод.

Зимни шарҳи ин масъала қайд шуд, ки неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 457,9 миллион кВт/соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 448,2 миллион кВт/соат содирот гардид.

Бо мақсади коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» таъмиру барқарорсозӣ ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ иҷро шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»