Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро корхонаҳои навтаъсис аз фаъолият мемонанд?

№100 (4362) 03.08.2021

DSC_6685- Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 фоиз иҷро шудааст. Корҳои боқимонда рӯзҳои наздик ба сомон мерасанд ва ҷашни пурифтихори миллиро сазовор пешвоз мегирем, — гуфт раиси ноҳия Самӣ Шариф зимни нишасти матбуотӣ 28 июли соли ҷорӣ.

Дар арафаи ҷашн пешрафту комёбиҳо дар ҳама соҳа ба мушоҳида мерасанд. Нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи 102,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 399,4 млн. сомонӣ, 408,5 млн. сомонӣ ворид шуд. Кормандони ташкилоту корхонаҳои буҷетии ноҳия пурра бо маош ва нафақа таъмин гардида, моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ ба аҳолӣ ба маблағи 772,2 млн. сомонӣ хизматҳои гуногуни пулакӣ расонида шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Симои ноҳия, ки дар маркази пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ аст, бо бунёди биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншооти маъмурию маишӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дигар гаштааст. Аз ҳисоби соҳибкорон 57 хонаи истиқоматии баландошёна сохта шуд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида зиёда аз 37250 метри мураббаъ намои берунии хонаҳои баландошёна таъмири ҷорӣ гардид.

Самӣ Шариф бо таассуф қайд кард, ки аз 77 корхонаи саноатии дар ноҳия бақайдгирифташуда 18 — тоаш ҳаҷми истеҳсолотро кам намуда, 19 адад умуман фаъолият накардаанд.

- Сабаби асосӣ аз уҳдаи кор набаромадани нафароне аст, ки ҳавас карда, корхона таъсис медиҳанд, бо номҳои зебо ба қайд мегиранд, вале корро пеш бурда наметавонанд, — афзуд Самӣ Шариф.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»