Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро корхонаи истеҳсоли орд фаъолият намекунад?

№27 (4610) 20.02.2023

Холмурод РаҳмонБа суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бобати фаъолият накардани корхонаи азими истеҳсоли орд иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холмурод Раҳмон 10-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:

- Ин корхона дар мувозинати Агентии захираҳои давлатӣ буда, ҷиҳати ба кор андохтани он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чандин маротиба мактуб ирсол карда шуд. Соли гузашта аз Ҷумҳурии Қазоқис­тон сармоягузорон ба хотири барқарор кардани он омада буданд, аммо ба тавофуқ нарасиданд. Аз сабаби он ки корхона зертобеи мақомоти маҳаллӣ нест, наметавонем барои ба кор даровардани он соҳибкоронро ҷалб кунем.

Маълумот гирифтем, ки ин корхонаи азим аз соли 2012 то инҷониб фаъолият карда наметавонад.

Гуфта шуд, ки айни замон дар ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ин корхонаҳо, соли гузашта ба маблағи 252 миллиону 769 ҳазору 800 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли гузашта дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»