Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро нақшаи андоз иҷро нашуд?

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

IMG_8699Дар шаш моҳи аввали соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 92,9 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 372,5 миллион сомонӣ кам ворид гардид.

Ин нуктаро раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 30 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино ба гуфти вай, ба таъмин нагардидани нақша нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷет аз ҷониби корхонаҳои калон, коҳиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, муваққатан фаъолият накардани як қатор субъектҳои хоҷагидор, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана сабаб шуд. Масъулин давра ба давра зиёд шудани имтиёзоти андозиро низ ба таъмин нагардидани нақшаи андозҳо таъсиррасон арзёбӣ карданд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи аз арзиши иловашуда озоди андозсупорандагон 11,4 миллиард сомониро, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд мебошад, ташкил дод.

Доир ба бақияи қарзи андозҳо иттилоъ дода шуд, ки он 417 миллион сомониро ташкил дода, дар қиёс ба 1 январи соли 2020-ум 417 миллион сомонӣ афзуд.

Дар давраи мавриди назар аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба 4890 қарздор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 491 миллион сомонӣ қарор қабул гардид. Аз ин ҳисоб ва қарорҳои соли гузашта қабулгардида ба буҷет 410,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019-ум 113 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»