Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро нархи молу маҳсулот боло рафт?

№16 (4436) 05.02.2022

DSC_9625Соли гузашта 134 субъекти хоҷагидор аз рӯи истеҳсол, истихроҷ, коркард ва воридоти молу маҳсулот ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидории мавқеи ҳукмфармоидошта ворид шуд, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 35 субъект зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод якуми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд.

- Дар ин давра бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии аксар субъект­ҳои мазкур, аз ҷумла корхонаҳои истихроҷи ангишт, истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷониби хадамот баррасӣ ва мувофиқа шуд, — изҳор дошт номбурда.

Зикр шуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар заминаи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 таҳти №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», мониторинги 19 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳар рӯз таҳлил ва баррасӣ мекунад.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ баланд шудани нархи молу маҳсулотро ба омили беруна вобаста донистанд. Далел оварданд, ки нархи молу маҳсулот, хусусан орд ва маҳсулоти ордӣ, сӯзишворӣ ва гази моеъ, дар давлатҳои истеҳсолкунанда баланд шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»