Чаро синамо хароҷоташро пӯшонида наметавонад?

№21 (4441) 15.02.2022

DSC_14979 феврали соли равон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар  соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён изҳор намуд, ки соли гузашта 4 филми ҳунарии пурра, 4 филми бадеии кӯтоҳ, 3 филми мус­танад ва филми тасвирӣ рӯи навор омаданд. Нахустнамоиши филми ҳунарии коргардон Муҳаммад­рабӣ Исмоилов — «Охирин сайди сайёд» 24 июли соли 2021 ва филми ҳунарии коргардон Раҷабалӣ Пиров — «Баҳори хазонрез», ки аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев «Моҷарои зиндагӣ» ба навор гирифта шудааст, 4 феврали соли равон  дар кино­театри «Ватан» баргузор гардид. 

- Ҳоло омодагӣ барои таҳияи филми ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», ки аз ҷониби роҳбарияти ҳар ду кишвари дӯсту бародар — ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, якҷо бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дошта, пешнависи филмнома омода гардид, — афзуд М. Шоҳиён.

Соли 2021 кинотеатри «Ватан» таъмиру таҷдид гардида, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор шуданд. Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳуриии Ӯзбекистон ба имзо расида, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Федератсияи Россия синамоҷашнвораи байналмилалии «Чашмаи зулол» ва «Фестивали филмҳо бахшида ба 76 — солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» доир гардид.

- Дар гузашта 1125 кинотеатр амал менамуд ва аз ин ҳисоб даромади соҳа зиёд буд. Имрӯз бошад, синамо хароҷоташро пӯшонида наметавонад. Бинобар ин, намоиши филмҳоро дар кинотеатрҳо ба роҳ мондан зарур аст. Тасмим дорем, ки дар оянда 31 кинотеатри дигар таъмиру таҷдид гардида, дар ҳар як шаҳру ноҳия кинотеатрҳои нав бунёд шавад, — иброз намуд М. Шоҳиён.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»