Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро теъдоди занон дар мансабҳои роҳбарикунанда кам шудааст?

№98 (4518) 08.08.2022

5Дуюми августи соли ҷорӣ нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт. Директори он Ҷумъа Давлатов изҳори нигаронӣ кард, ки дар баъзе шаҳраку деҳот дар мансабҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавонон ягон нафар фаъолият намекунад.

- Маълум гардид, ки дар 101 шаҳраку деҳоти мавриди санҷиш қароргирифта ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надошта, талаботи банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», яъне дар яке аз вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷамоатҳо фаъолият намудани занон таъмин нагардидааст, — гуфт директори агентӣ.

Тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 348 шаҳрак ва деҳот 2817 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2016 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд. Аз он шумора 352 нафар ё 17,5 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 6,4 банди фоизӣ кам мебошад.

Зикр шуд, ки тибқи санҷиши агентӣ, дар шаҳраку деҳоти «Чоруқдаррон», «Зарнисор» ва «Навгарзан»-и шаҳри Гулис­тон, «Ворух», «Нефтобод», «Зумрад»-и шаҳри Исфара, «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Шамтуч»-и ноҳияи Айнӣ, «Панҷ»-и ноҳияи Панҷ, «Фирӯза», «Истиқлол»-и ноҳияи Носири Хусрав, «Урта Назаров», «Носири Хусрав»-и ноҳияи Қубодиён, «Қадриддин Ғиёсов», «Ифтихор» ва «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Машъал»-и ноҳияи Вахш, «Обикиик»-и ноҳияи Хуросон, «Деҳқонобод»-и ноҳияи Фархор, «Файзобод», «Вашгирд»-и ноҳияи Файзобод, «Регар»-и шаҳри Турсунзода, «Лучоб», «Зидеҳ»-и ноҳияи Варзоб, «Навобод», «Нусратулло Махсум», «Ҷафр», «Оби меҳнат», «Ясман», «Қалъаи Сурх»-и ноҳияи Рашт, «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод, «Пилдон», «Сартало», «Лахш»-и ноҳияи Лахш, «Тавилдара», «Ваҳдат», «Заршӯён»-и ноҳияи Сангвор, «Ширинчашма»-и ноҳияи Тоҷикобод ҷавонони то 35-сола фаъолият надоранд.

Гуфта шуд, ки то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18 ҳазору 576 нафар буда, теъдоди занҳо 4438 нафар ё 23,9 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 8897 нафар, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 солро ташкил медиҳад.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4438 нафар буда, аз 5824 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1094 нафар бонувон мебошанд. Теъдоди умумии занон дар мансабҳои роҳбарикунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 нафар кам шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»