Барои таъмини аҳолӣ дар тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 захираи 620 тонна пиёз, 600 тонна картошка, 40 тонна дигар номгӯйи маҳсулот ва 2170 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. Ин нуктаро раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа намуд. Ӯ гуфт, ки соли гузашта қариб 3000 тонна маҳсулот дар анборҳои пойтахт захира шуд. Аз сабаби гарм омадани зимистон як қисми сабзавот неш зада, ғайри қобили истифода гардид. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ ҳаҷми захира нисбатан кам карда шуд. Дар баробари матлуботчиён хоҷагидорон ва дигар муассисаҳо низ як қисми ҳосилро барои тирамоҳу зимистон захира мекунанд.
- Имсол дар кишвар нархи маҳсулоти кишоварзӣ то 50 — 60 дарсад арзон шуд, — гуфт Ҳусайн Идиев. — Нархи картошка соли гузашта 4 сомониву 70 дирамро ташкил медод. Имрӯз нархи ин намуди маҳсулот дар бозорҳои кишвар 1,5-2 сомонӣ аст. Пиёз, ки соли гузашта 4 сомонию 50 дирам нарх дошт, имрӯз бо арзиши 80 дирам то 1 сомонию 30 дирам фурӯхта мешавад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди фаровону арзон будани сабзавот, «Тоҷикматлубот» дар нимсолаи аввали соли равон содироти маҳсулотро ба роҳ намонд.
- Мо ҳанӯз таҷрибаи содироти маҳсулоти кишоварзиро надорем, — гуфт Ҳусайн Идиев. — Ба наздикӣ дар «Тоҷикматлубот» хадамоти махсус таъсис дода мешавад, ки вазифаи он содир кардани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат хоҳад буд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» будани Сироҷиддин Валиев ҳар сол садҳо тонна меваю сабзавот ва консерва ба Федератсияи Россияву Қазоқистон содирот мешуд.
Ба иттилои ҳусайн Идиев дар 6 моҳи соли равон даромади соҳа 45,6 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»