Нишасти матбуотии Вазорати молияи мамлакат, ки 17-уми феврали соли равон баргузор шуд, аз лиҳози давомнокӣ (қариб 2 соат) ва теъдоди пурсишу посух камназир буд.
Вазир Файзиддин Қаҳҳорзода ба саволҳои журналистон, ки ба маблағгузории НБО-и «Роғун», мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ, қарзи хориҷӣ, додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, махсусиятҳои андозбандӣ, воридоти маснуоти заргарӣ ба кишвар ва ғайра марбут буд, посухҳои қаноатбахш дод.
Зимни посух ба саволи аз ҷониби корманди рӯзнома оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ пешниҳодшуда, Файзиддин Қаҳҳорзода хушбин буданашро иброз намуда, баҳри тақвияти андешааш аз нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ёдовар шуд.
Барои мисол, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ соли гузашта ба 115,7 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши воқеии он ба 8,0 фоиз баробар гардидааст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир дастоварди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад.
Аз шарҳу тавзеҳи вазири молия маълум гардид, ки ин тамоюли мусбат асосан аз ҳисоби соҳаҳои саноат 15,4 фоиз, кишоварзӣ — 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 11,4, хизматрасонии пулакӣ -16, мусофиркашонӣ – 13, гардиши савдо — 11,2 ва гардиши савдои хориҷӣ 14,9 фоиз таъмин шуд.
Хурсандиовар аст, ки нақшаи пешбинишудаи қисми даромад аз ҳисоби воридоти андозӣ 106,5 фоиз (21,8 млрд. сомонӣ) ва нақшаи даромади ғайриандозӣ 118,5 фоиз ( 2,4 млрд. сомонӣ) иҷро гардидааст.
Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки соли гузашта ба сохтмони НБО-и «Роғун» 3,8 миллиард сомонӣ равона гардида, таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи молиявӣ ба иншооти муҳим тамоюли афзоишро касб кардааст. Таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт кори зиёд ба анҷом расида, ҳадаф он аст, ки барои муҳимияту дурустии маблағгузории неругоҳи барқи обии мазкур шубҳа боқӣ намонад.
Файзиддин Қаҳҳорзода аз иқдоми раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — расонидани кумаки молиявии яквақта ба маблағи 600 сомонӣ ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, ёдовар гардид. Зикр шуд, ки тибқи дастури Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то охири соли 2022 ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ бояд равона мегардид. Бино ба гуфти номбурда, то ин вақт аз маблағи пешбинишуда 240 миллион сомонӣ ба ашхоси мавриди назар дастрас шуд.
Барои журналистон таваҷҷуҳбарангез ва ҷолиб муждаи вазири молия дар бобати ҷудо шудани 100 миллион сомонӣ ба ду бонки давлатӣ — БДА ҶТ «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» буд. Маълум гардид, ки ин маблағ барои пешниҳоди қарз бо фоизи паст (10 фоиз) ба муҳлати 6 сол дода шудааст. «Амонатбонк» уҳдадор аст, 50 миллион сомонии зикршударо барои дастгирии бахши кишоварзӣ ва «Саноатсодиротбонк» барои рушди савдо, тиҷорат ва ҳунарҳои мардумӣ ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод намоянд.
Иттилои муҳими дигар ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дахл дошт. Дар ин раванд 6,8 млрд. сомонӣ аз худ гардидааст, ки аз он 3,7 млрд. сомонӣ (55,0 фоиз) грант ва 3,0 млрд. сомонӣ (45,0 фоиз) қарз мебошад.
Соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 108,0 фоиз ва буҷетҳои маҳаллӣ 103,7 фоиз иҷро шуда, ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зиёда аз 34,8 млрд. сомонӣ равона гардид. Аз ҷумла, маблағгузории соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ба 1,9 миллиард сомонӣ, маориф — 6,4, тандурустӣ — 2,6 , суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 4,3, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 1,8, фарҳанг ва варзиш -1,1, комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 6,5, кишоварзӣ — 1,1, нақлиёт ва коммуникатсия — 2,4 миллиард сомонӣ ва сохтмону саноат 288,5 млн. сомонӣ таъмин шуд.
Махсус таъкид гардид, ки ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ин соҳаҳо 16,3 млрд. сомонӣ равона гардид.
Чун ҳарвақта журналистон ба қарзи хориҷии мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз посухи вазир маълум шуд, ки дар ин давра барои хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 254,6 млн. доллари амрикоӣ пардохт шудааст.
Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ тавсеа ёфта, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 19 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 664,9 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Муҳим он аст, ки аз маблағи умумии лоиҳаҳои баимзорасонидашуда 92 фоиз (612,3 млн. доллари амрикоӣ) грант, 25,7 млн. доллари амрикоӣ (3,9 фоиз) қарз ва 26,9 млн. доллари амрикоии боқимонда (4,1 фоиз) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»