Соли равон чоҳи нефтии рақами 17-и майдони «Маҳрам» ба истифода дода мешавад. Пармакунӣ то чуқуруии 4900 метр ба охир расида, бо чунин чуқурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бори аввал чоҳи нефт мавриди истифода қарор мегирад. Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа якуми феврал зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Бино ба гуфти номбурда, соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нефт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1169 тонна зиёд мебошад.
Воридоти маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ дар маҷмӯъ 1072 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 652 ҳазор тоннаро маҳсулоти нефтӣ ва 420,579 ҳазор тоннаро гази моеъ ташкил медиҳад.
Барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва корхонаҳои саноатӣ 225 миллион метри кубӣ гази моеъ ворид карда шудааст.
Иттилоъ гирифтем, ки соли сипаришуда истеҳсоли неруи барқ ба 19 миллиарду 770,5 миллион кВт.соат баробар гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2019-ум 905,7 миллион кВт.соат кам мебошад.
- Соли 2020 вазорат фаъолиятро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об низ тақвият бахшид. Айни замон дар ин самт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Аз ҷумла, таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум», бунёди лоиҳаи «CASA-1000» ва Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо харҷи 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Барои барқарор намудани инфрасохтори хоҷагии об ва рушди соҳа татбиқи 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, — изҳор дошт Далер Ҷумъа.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»