Аз нишастҳои матбуотӣ

Чор ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ таъсис ёфт

№98 (4518) 08.08.2022

10- Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баланд бардоштани савияи дониш ва табодули таҷриба 70 донишҷӯро ба донишгоҳҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия фиристода, инчунин бо Донишгоҳи АвруОсиёии ба номи Л. Н. Гумилёви шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба таҳия ва татбиқи барномаи таълимии муштарак созишнома имзо кардааст, — иброз дошт ректори муассиса Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда, афзуд, ки тибқи созишномаи имзошуда, 8 магис­транти курси якуми ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ»-и академия соли таҳсили 2021-2022 ба Донишгоҳи миллии АвруОсиёии ба номи Л. Н. Гумилёви шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон фиристонда шуданд. Зикр гардид, ки шуъбаи магис­тратура барои тайёр кардани мутахассисон дар зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаъолият менамояд. Соли таҳсили 2022-2023 дар ин зинаи таҳсил чор ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ илова гардид.

Тибқи нақша, соли таҳсили 2021-2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд 1271 нафар донишҷӯ ва магистрант хатм мекард. Вале аз онҳо 123 нафар бо сабабҳои гуногун ба аттестатсия роҳ дода нашуданд. Аз боқимонда 1148 хатмкунанда 84 нафар бинобар сабабҳои номаълум дар аттестатсия иштирок накарданд.

Илова карда шуд, ки аз 1064 нафаре, ки дар аттестатсияи давлатии хатм ширкат варзиданд, 1056 нафарашон аз аттестатсия бомуваффақият гузаш­танд, ки 99 фоизи умумиро ташкил медиҳад. Ҳашт нафар хатмкунандагон (1 фоиз) соҳиби баҳои ғайриқаноатбахш гардида, аз аттестатсияи давлатӣ нагузаштанд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»