Бо мақсади баҳодиҳӣ ба иҷрои саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва арзёбии истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ, амвол ва захираҳои давлатӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 72 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 96,9 млн. сомонӣ муайян намуд. Аз ин ҳисоб хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 9,2 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 7,5, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 8,1, талафи воситаҳои пулию молӣ — 6,8, маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо — 31,4, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет — 31,0, пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 2,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 529,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ 11-уми августи соли равон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаи корӣ ва муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра дар 17 субъекти хоҷагидории давлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 8,6 млн. сомонӣ муайян карда шуд. Дар натиҷаи муроҷиати асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар 8 субъекти хоҷагидории ғайридавлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 22,7 млн. сомонӣ муайян ва аз ин ҳисоб 18,0 млн. сомонӣ барқарор гардид.
- Тибқи қоидаҳои муқарраршуда, аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 31 мавод ба маблағи 51,2 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба мақомоти Прокуратура 18 мавод ба маблағи 24,6 млн. сомонӣ, мақомоти Суди Олии иқтисодӣ 1 мавод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2 мавод ба маблағи 338,0 ҳазор сомонӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 10 мавод ба маблағи 25,2 млн. сомонӣ ирсол гардид,- иброз намуд Қарахон Чиллазода.
Бо мақсади бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо 13 хулоса бо 492 тавсияи судманд ирсол карда шуда, 17 қарору фармон қабул гардид, ки 77 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 5 нафар аз вазифа сабукдӯш гардидаанд.
Дар робита бо ҳамкориҳои хориҷӣ зикр гардид, ки Палатаи ҳисоб узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалии мақоми олии аудит буда, дар асоси созишнома бо мақомоти олии аудити давлатии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Молдова, Белорус, Латвия, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва тақвияти аудити берунаи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявию самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»