Хоҷагиҳои моҳипарвари ноҳияи Дӯстӣ соли 2024-ум 650 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба соли 2023-юм 100 тонна зиёд мебошад.
Тавре раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода иттилоъ дод, ҳоло дар 350 гектар ҳавз навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда мешаванд.
Масъулини хоҷагиҳои моҳипарварӣ талош доранд, ки истеҳсоли моҳиро ба 900 тонна расонда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи истеҳсоли кирминамоҳӣ фаъолият дорад, ки ҳамасола хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятро бо зотҳои гуногуни моҳичаҳо таъмин менамояд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»