Аз нишастҳои матбуотӣ

Даҳ гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб муайян ва дастгир шуданд

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

DSC_4171- Соли 2020, маҷмӯан, дар ҷумҳурӣ 23460 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 18887 ҷиноят ошкор гардид. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15542 ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Шумораи ҷиноятҳо нисбат ба соли 2019 — ум 1464 ҳолат зиёд гардида, кушодашавии ҷиноятҳо 83 фоизро ташкил дод, — иброз дошт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро 19 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ва дар идома гуфт:

- Соли гузашта ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он — 107, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 135, таҷовуз ба номус — 34, роҳзанӣ — 33, савдои одамон — 12, ғоратгарӣ — 161, авбошӣ — 1325, қаллобӣ — 2866, гардиши ғайриқонунии силоҳ — 44, дуздӣ — 6197, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор — 602 ва ҷиноят бо истифодаи силоҳ 42 ҳолат ба ҳисоб гирифта шуд. Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 566 силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 54 автомат, 65 таппонча, 138 милтиқ ва карабин, 302 силоҳи суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид. Инчунин, нисбат ба 2071 нафар ҷустуҷӯ эълон гардида, 1973 нафарашон дастгир шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз ҷониби сохторҳои ВКД 1091 ҷинояти хусусияти террористӣ — экстремистидошта ошкор ва 271 нафар аъзою тарафдорони ин равияҳо дастгир шуданд.

Даҳ гурӯҳи муташаккили ­нашъаҷаллоб дар ҳайати 37 нафар муайян ва дастгир гардида, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаву 117 кг 358 гр (аз ҷумла, героин — 49 кг 282 гр., афюн — 481 кг 207 гр, ҳашиш — 502 кг 212 гр, 64 кг 780 гр бангдона) воситаҳои нашъадор мусодира гардид. Ҳамчунин, беш аз 791 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда ва худрӯй дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки вазни умумии он 1620 кг-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2425 кг воситаҳои нашъадор мусодира шуд.

Бар асари 1109 садамаи нақлиёт 376 нафар ба ҳалокат расида, 1263 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1300 ҳодисаи сӯхтор рух дода, 25 нафар фавтиданд. Маблағи зарар бошад, 17 миллион сомониро ташкил дод.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»