«Дар кишвар омӯзиши канданиҳои фоиданок ба охир нарасида, дар натиҷа даҳ майдони ояндадор вобаста ба тилло муайян гардид. Ҳоло дар онҳо омӯзиш давом дорад ва пас аз таҳлил ҳисобот пешниҳод мешавад», — гуфт сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ якуми феврали соли ҷорӣ.
Номбурда илова кард, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти шахсони дорои иҷозатнома соли ҷорӣ 13 қитъаи нави тиллои пошхӯрда бо масофаи 52,5 км дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин ҷудо гардид. Қитъаҳои мазкур барои истихроҷ бо усули худфаъолу худбиёр ба Вазорати молия пешниҳод шуд.
Гуфта шуд, ки аз ҷониби зерсохторҳои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзиши геологӣ бо харҷи 16 миллиону 141 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ аз рӯи 32 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир ва нодирзаминӣ, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шуд.
Соли сипаригардида корҳои шартномавӣ аз рӯи 207 лоиҳа ба маблағи 27 миллиону 488 ҳазору 538 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 152 ҳазору 253 сомонӣ ба иҷро расид. Кор бо усули хоҷагидорӣ 39 миллиону 477 ҳазору 253 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 12 миллиону 540 ҳазору 328 сомонӣ зиёд мебошад.
Соли гузашта Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 миллиону 65 ҳазору 963 сомонӣ андоз супорид, ки дар муқоиса бо соли 2021-ум 2 миллиону 875 ҳазору 663 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»