- Дар доираи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» (марҳилаи 3) 16 бинои фарсудаи макотиб дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, А.Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Вахш, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Ш. Шоҳин аз нав эъмор гардид. Дар баробари сохтмони биноҳои нави дуқабатаи дорои аз 6 то 10 синфхона бо дарназардошти энергиясамаранокӣ, ҳамчунин муҷаҳҳазгардонӣ бо мебел ва сохтмони нуқтаҳои санитарӣ ба назар гирифта шудааст. Дар ин бора директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сидиқзода 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, маблағи лоиҳаи мазкур 7 386 727 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 6 495 845 доллар гранти Ҳукумати Олмон, 775 603 доллар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 114279 доллари ИМА аз ҳисоби дигар манбаъҳо мебошад. Айни ҳол 9 лоиҳа дар марҳилаи замонати сифат, 5 лоиҳа дар марҳилаи қабули ниҳоӣ буда, дар 2 лоиҳа корҳои сохтмонӣ идома дорад. Муҳлати анҷоми барнома 30 июни соли 2018 дар назар аст.
Аз моҳи июли соли ҷорӣ татбиқи марҳилаи чоруми барнома шурӯъ мешавад, ки дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти хонишро амалӣ менамояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»