Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 22,6 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 11,5 дарсад афзуда, 2,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир якуми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, аз ин 57,1 дарсад ба саноати коркард, 21,6 дарсад ба саноати истихроҷ, 20,8 дарсад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 0,5 дарсад ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
- То якуми июли соли равон дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 337 адад зиёд мебошад. Дар ин давра 251 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд.
Моҳҳои январ-июни соли 2024 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 4 миллиарду 421,1 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиарду 190,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — зикр кард вазир.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»