Дар 61 бозор 17 ҳазор нафар ба ҷои кор таъминанд

№21 (4441) 15.02.2022

DSC_0652- Кормандони Иттифоқи «Тоҷикматлубот» сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки соҳаи кооператсияи матлубот беш аз пеш рушд намояд, — гуфт раиси раёсати он Ҳусейн Идиев дар нишасти матбуотие, ки 7 феврали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Номбурда афзуд, ки «Тоҷикматлубот» дар соли 2021 нақшаи даромади умумиро 108,8 миллион сомонӣ ё 110 фоиз иҷро намуд, аз ин ҳисоб ба буҷети мамлакат 33, 1 миллион сомонӣ андоз пардохт гардид. Қайд гардид, ки барои сохтмону азнавсозӣ, инчунин, хариди воситаҳои асосӣ 27,6 миллион сомонӣ харҷ шуд.

Барои сохтмон ва таъмири бозори марказии шаҳри Турсунзода 438 ҳазор сомонӣ, азнавсозии бозори марказии ноҳияи Файзобод 347 ҳазор ва сохтмони иншооти дохили бозори шаҳри Панҷакент 556, 3 ҳазор сомонӣ харҷ гардид. Сохтмон ва азнавсозии бозори марказии ноҳияи Муъминобод босуръат идома дорад. Ҳоло дар 61 бозори зертобеи кооператсияи матлубот 17 ҳазор нафар ба ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022» — ро сармашқи кор қарор дода, дар 51 анбору 3 сардхона 1038 тонна пиёз ва 567 тонна картошка захира намуд.

Соли сипаригардида ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, бепарасторон, кормандони соҳа, донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таълимии зертобеъ 131 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд. Инчунин, бо мақсади дастгирии устодони Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд музди меҳнати кормандони муассисаҳои мазкур 7 -10 фоиз зиёд гардид.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»