Роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии 17 феврал баргузоршуда ба журналистон роҷеъ ба фаъолият дар соли 2021 маълумоти муфассал дод. Сардори ин ниҳод Илҳомҷон Оймуҳаммадзода аз ҷумла иброз намуд, ки дар давраи мавриди назар корҳои омӯзиши геологӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 5 695 372 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳу ранга, қиматбаҳою нодир, сангҳои худҷилою ороишӣ анҷом ёфт. Корҳои шартномавӣ аз рӯи 230 лоиҳа иҷро шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи зикршуда барои иҷрои корҳои иктишофӣ — геологӣ аз буҷети давлатӣ 6 миллион сомонӣ ҷудо шуда, саридора дар маҷмӯъ 8 192 600 сомонӣ андоз супорид. Соли гузашта дар самти гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, тибқи дархост, дар 886 деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шуд.
Дар давраи зикршуда дар Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 мавод баррасӣ шуд. Дар асоси экспертизаи давлатӣ, захираҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, нефту газ, ангиштсанг, кварс, оҳаксанг, гаҷсанг, гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Саридораи геология дар ин давра бо 71 ширкат қарордоди истифодаи қаъри заминро ба маблағи 19 625 180 сомонӣ ба имзо расонид.
Дар самти таҳкими ҳамкориҳо бо намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар шаҳри Душанбе оид ба омодагии мутахассисони саридора дар озмун барои дохил шудан ба Донишгоҳи Акитаи Япония, дар доираи барномаи JDS, бо Ширкати «Nordmill Management Consulting» (гурӯҳи энергетикии NMC) бо мақсади омӯзиши иқтидор, баҳодиҳии лоиҳаҳои ҷалби сармоя, вобаста ба баррасии пешниҳоду таклифҳои ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба лоиҳаи протоколи ҷаласаи 14 — уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон аз тариқи онлайн мулоқот баргузор шуд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»