Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар 93 назорати техникӣ 161 масъули корхонаҳо ҷарима шуданд

№85 (4505) 13.07.2022

image_2022-07-13_06-36-57«Дар  давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони хадамот нисбат ба 161 роҳбар ва шахси масъули корхонаҳо, ки дар фаъолияташон риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар расид, ба маблағи 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд», — ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим, ки 12 июли соли 2022 доир гардид, иброз дошт.

Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ мутахассисони хадамот риоя нагардидани 688 банди санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор карда, вобаста ба он ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад пешниҳод гардидааст.

Бино ба қавли ӯ, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ тайи шаш моҳи соли 2022-юм 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуда, дар онҳо 14 нафар ҳалок ва 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

- Аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва се нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон 93 назорати техникӣ гузаронида шуд, — иттилоъ дод Санъат Раҳим ва афзуд: — Дар оянда низ кормандони хадамот бо мақсади пурзӯр намудани назорати техникӣ ҳама саъю кӯшишро ба харҷ дода, талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро оид ба бехатарии саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Ш. Атобуллоев,

 «Садои мардум»