Шумораи умумии донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4839 нафарро ташкил медиҳад, ки 1569 нафарашон духтарон ва 3270 нафар писарон мебошанд. Аз шумораи зикргардида 938 нафар ройгон ва боқимонда шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус 23-юми июли соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ ректори академия Даврон Сафарзода иттилоъ дод.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки аз шумораи умумии қайдгардида 2617 нафар дар зинаи бакалавриат (рӯзона ва фосилавӣ), 1706 нафар дар зинаи мутахассис (таҳсилоти дуюм), 426 нафар дар зинаи магистратура, 51 нафар дар зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва 39 нафар дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил менамоянд.
Зикр гардид, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳо бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён гирифта, ҳамасола беш аз дусад донишҷӯ барои табодули таҷриба ба шаҳрҳои Москва ва Екатеринбурги Федератсияи Россия, Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра фиристода мешаванд. Бо ин мақсад академия дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ моҳи феврали соли равон дар доираи барномаи табодули академӣ 23 донишҷӯро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ сафарбар намуд.
- Дар академия аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» ба омӯзиши яксола ва шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, ба муҳлати ду сол аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, академия докторантони зинаи докторантураи PhD ва унвонҷӯёнро бо роҳбарони унвондору соҳибтаҷриба ва баландихтисос таъмин менамояд. Академия барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии рақобатпазир дар зинаи докторантура ва унвонҷӯ дар сатҳи байналмилалиро кафолат медиҳад,- зикр кард ректори академия.
М. Худойназаров,
«Садои мардум»