Баробари оғоз шудани нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки 19 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, хабарнигорон доир ба мушкилоту камбудиҳои шаҳр суолҳо пешниҳод карданд.
Хусусан суолҳои марбут ба мушкилоти беобӣ, фурӯхта шудани иншооти бо оби тоза таъминкунандаи шаҳраки Шарора ва сохтмони 14 манзили истиқоматӣ дар дохили ин иншоот ба табъи роҳбарияти ноҳия писанд наомад. Раиси шаҳр ва муовинон, мутасаддиёни соҳа ба ин суолҳо ҷавоби қаноатбахш дода натавонистанд.
Ба ҳамин монанд суолҳо, аз қабили бо оби полезӣ таъмин набудани заминҳои корами наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Сумбула, Куҳнабой ва Куҳнабои Поён, тӯли чор сол аз бебарқӣ, беобӣ, роҳҳои корношоям азоб кашидани сокинони деҳаи навбунёди Саричашмаи деҳоти «Ҳисор» низ бе ҷавоби қаноатбахш монданд.
Аз варақаи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи соли 2016 маълум гардид, ки иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 100 фоиз, андози иҷтимоӣ – 78, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ — 117, нақшаи андозҳо — 99, қисми нақшаи хароҷоти буҷети шаҳр 96 фоиз иҷро шудааст. Дар робита ба вазъи имрӯзаи соҳаи саноат, энергетика, кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм, маориф ва фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, корҳои ободонӣ дар маҳал, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 суолҳои зиёд дода шуд, вале посухҳо чандон қонеъкунанда набуданд.
М. ХУДОЙНАЗАРОВ, «Садои мардум»