- Ҷомеаи муосир истифодаи усулҳои навоваронаи таълимро тақозо менамояд, — изҳор дошт 13 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ва афзуд: — Вақти он расидааст, ки модели таълим тағйир дода шавад. Вобаста ба ин, дар назди омӯзгор вазифаҳои нав гузошта шудааст. Яъне, таҳсилоти муосири дар ҷаҳон эътирофшуда водор месозад, ки донишҷӯро бештар барои худомӯзӣ, ташаккул додани малака ва рушди фикрронии аналитикӣ омода бояд сохт.
Дар баробари ин, зарур аст, ки бо назардошти имкониятҳои нави ҷойдошта технология ва усулҳои натиҷабахши таълим роҳандозӣ карда шавад. Вобаста ба ин, дар донишгоҳ лоиҳаҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ – «Беҳсозии сифати таҳсилот дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Рушди инноватсионии таҳсилоти фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқаррар намудани мақсадҳо ва воситаҳои баҳодиҳӣ барои таҳсилоти тиббӣ» бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ шуда истодааст. Афзалияти усули таълимдиҳии инноватсионӣ аз усули анъанавӣ дар он аст, ки бештар ба ташаккули фикрронии мустақилонаю аналитикии клиникии донишҷӯён равона шудааст. Дар баргузории дарсҳои амалӣ омӯзгор нақши роҳнамо (мураббӣ)-ро иҷро намуда, донишҷӯён бо истифодаи усули муосири таълимӣ – кейсҳои клиникӣ ба ҳалли масъалаҳои (масъалаҳои ситуатсионӣ) клиникии тиббӣ машғул мешаванд.
Ин иқдоми роҳбарияти донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва савияи дониш, ҳамчунин салоҳияти хатмкунандагон аҳамияти калидӣ дорад.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»