Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДМТ 10 ихтисоси нав таъсис меёбад

№18 (4913) 06.02.2025

2Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба эълон шудани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар ояндаи наздик 10 ихтисоси нав таъсис медиҳад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Номбурда афзуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимон тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»