Баланд бардоштани сифати таълим дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои стратегӣ пазируфта шуда, роҳбарияти донишгоҳ барои ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ нақша — чорабиниҳоро амалӣ намуда, дар фазои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро боло бурд. Айни замон се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд. Донишгоҳ соли гузашта дар рейтинги байналмилалӣ ширкат варзида, ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфузи АвруОсиё шомил гардид ва бо ҷоизаи бонуфузи «Ситораи сифат» сарфароз шуд.
Аз ин хусус ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур зимни нишасти матбуотӣ, ки 3-юми феврал баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ректор дар идома изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо барои иштирок дар озмуни таъмин кардани донишгоҳ бо «Таҷҳизоти ченкунанда ва ёрирасони нассоҷӣ» дархост намуд. Дар натиҷа, лоиҳа ба маблағи 84 ҳазору 503 доллари ИМА амалӣ гардида, се озмоишгоҳ – масолеҳшиносии нассоҷӣ ва стандартикунонӣ, технологии бофандагӣ ва коркарди аввалини нахҳои нассоҷӣ бо 18 адад таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён бо корхонаю муассисаҳо 30 шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Дар умум, чунин шартномаҳо бо 125 корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ба имзо расонида шудааст.
- Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» Маркази таълимӣ – муҳандисии лифтро дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи лифти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшидем. Дар маркази мазкур бо ҷалби устодон ва мутахассисон аз Коллеҷи лифти Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ курсҳои кӯтоҳмуддати ҷӯрсозӣ ва таъмири лифтҳои замонавӣ ба роҳ монда мешавад, — афзуд ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»