Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Донишгоҳи технологӣ Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт

№16 (3810) 06.02.2018

Руктори ДТТ (2)Соли 2017 аз ҳисоби таълимгоҳ як бинои таълимии сеошёна бунёд гардид, ки он аз панҷ синфхонаи  дорои 175 ҷойи нишаст, як синфхонаи компютерӣ, 4 утоқи корӣ ва маркази ҷавонон барои сайқали маҳорати соҳибкорӣ  ва инноватсионии донишҷӯён иборат аст. Ин нуктаро 26 январи соли равон  зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода баён дошт

Номбурда, инчунин зикр кард, ки бо қарори Комиссияи аттес­татсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон аввалин маротиба Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуд, ки дар се самт — мошинҳо ва таҷҳизоти технологӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокӣ, технологияи маҳсулоти нассоҷӣ ва 5 ихтисоси аспирантура фаъолият мекунад, ки барои баланд бардош­тани малакаи касбӣ ва сатҳи илмии кормандони на танҳо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, балки дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Моҳи декабри соли 2017  бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»  дар донишгоҳ маркази тестӣ бо 25 компютер ва 25 сканер бо харҷи 200 000 сомонӣ таъсис дода шуд.

Ҳоло ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо зиёда аз 73 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмон ва марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Илҳом Амонзода афзуд, ки соли сипаригардида донишгоҳ бо 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва созмону ширкатҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин замина, раёсати донишгоҳ 33 хатмкунандаро аз рӯйи ихтисосҳои техникию технологӣ моҳи сентябри соли 2017 барои таҳсил ба магистратураи Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, оптика ва механикаи шаҳри Санкт-Петербург ва Донишгоҳи техникаи электронии шаҳри Москва равон намуд.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»