- Раёсати донишгоҳ бо дарназардошти ҷаҳонишавии таҳсилоти миллӣ, ҷараёни рушди илм ва талаботи муосир ба раванди таҳсилот, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави омӯзиш ва баҳогузорӣ, инкишофи шахсиву касбии ҳар як корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ, ҳамчунин татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ – техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, самтҳои афзалиятноки фаъолиятро муайян намудааст, — изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ ва афзуд, ки ба ин хотир, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои то соли 2025» таҳия гардид ва соли 2017 оғози марҳилаи нави рушди донишгоҳ арзёбӣ шуд.
Имрӯз ҳайати профессорону омӯзгорон дар донишгоҳ 644 нафар ва теъдоди донишҷӯён 9573 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2017- 2018 ба курси якум 1818 нафар, аз ҷумла 384 шаҳрванди хориҷӣ ва 119 нафар тибқи квотаи президентӣ қабул гардиданд. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ 1077 нафарро аз 13 кишвари дунё ташкил медиҳад, ки далели бебаҳси боло рафтани обрӯву нуфузи донишгоҳ ва сифати таълиму тадрис мебошад.
Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино масъалаи ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмиву эҷодӣ, ҳавасмандгардонии навоварону ихтироъкорон, дастгирии иҷтимоии аспирантону унвонҷӯён мавқеи асосӣ дошта, баҳри роҳандозӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст. Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ аз 9 озмоишгоҳи соҳавии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст, ки дар он шароит барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва эксперименталӣ мавҷуд мебошад. Яке аз дастовардҳои намоёни донишгоҳ ба истифода додани бинои сохтмонаш нотамоми таълимӣ, воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш», мебошад. Дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, ки дар ин бино ҷойгир аст, кабинетҳои тахассусии акушерӣ-гинекологӣ, кори ҳамширагӣ, педиатрия, неонатология, бемориҳои дарунӣ, 3D анатомия, анестезиология ва реаниматсия, офталмология, оториноларингология, стоматология, ҷарроҳӣ, травмотология ва муоширатӣ мавҷуд аст.
Ҳоло донишгоҳ бо 106 муассисаи олии илмию таълимии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар доираи онҳо 9 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ мешавад.
- Хатмкардаҳои донишгоҳ дар 42 давлати хориҷӣ кору фаъолият карда, обрӯву нуфузи Ватану миллатро афзун карда истодаанд, — гуфт сарвари донишгоҳ М. Гулзода.
Н. НИЗОМӣ,
«Садои мардум»