Дар шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам соли таҳсили ҷорӣ 772 нафар ва дар бахши ғоибона 148 кас таҳсил мекунанд. Ректори он Тоҷиддин Асомуддинзода шашуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар ин ҷо аз рӯи 5 ихтисос дар зинаи бакалавр мутахассис тайёр карда мешавад.
Ректори донишкада афзуд, ки дар факултети «Филологияи Шарқ» кафедраҳои забонҳо, педагогика ва психология, забон ва адабиёти араб, таъриху диншиносӣ, илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ фаъолият менамоянд.
Тайи соли сипаришуда омӯзгорони донишкада 53 мақолаи илмию оммавӣ, 395 раддияву мақола вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз нашр намуданд.
Мувофиқи шартномаи тарафайн байни ДИТ ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, 9 омӯзгори донишкада бо курсҳои такмили ихтисос аз фанҳои фалсафа, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва забономӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Соли сипаригардида дар матбааи донишкада китобҳои «Диншиносӣ», «Омӯзиши мантиқ», «Алифбои ниёгон», «Технологияи инноватсионӣ», дастури таълимии «Барномаи муқовимат бо савдои одамон» ва ғайра аз чоп баромаданд. Аз ҷониби устодони донишкада китобҳои зиёди панду ахлоқӣ, илмӣ — оммавӣ ва таълимӣ таҳия шудаанд, ки ояндаи наздик ба нашр хоҳанд расид.
Т. Асомуддинзода, ҳамчунин, иброз дошт, ки баъд аз ба истифодадиҳии бинои нави донишкада имкони дар як баст таҳсил кардани 1500 донишҷӯ фароҳам меояд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»