Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДСХ факултети сайёҳӣ таъсис ёфт

№90 (4040) 25.07.2019

DSC_0200Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  Фозил Обидов 22 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 теъдоди омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмӣ ба 67 нафар расид.

Дар давраи зикргардида чор омӯзгори дорои унвони илмӣ ба донишкада ҷалб карда шудаанд. Бино ба гуфти ӯ, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо қарори Шӯрои олимони донишкада факултети сайёҳӣ ташкил шуд.

Зикр гардид, ки дараҷаи азхудкунии донишҷӯён соли таҳсили 2018-2019-ум  76,9 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз зиёд мебошад.

Доир ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зикр шуд, ки устодон нисбат ба солҳои пеш дар гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, таълифи монографияҳо ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун фаъолтар буданд. Нашр шудани 8 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 2 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  32 дастури методӣ, 207 мақолаи илмӣ далели гуфтаҳо аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»