Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ДТҶТ ихтисоси нав — велосипедронӣ омӯзонида мешавад

№99 (4361) 31.07.2021

ректори донишкада21 июли соли 2021 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов нишасти матбуотӣ доир шуд.

Ректори он, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров ба хабарнигорон мужда расонид, ки гӯштини тарзи самбо ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дохил шуд.

- Аз рӯи ин намуди гӯштин ­комёбиҳои хеле назаррас дорем. Ҳанӯз соли 1955 Азалшоҳ Олимов дар шаҳри Рига Чемпиони ИҶШС (СССР) гардид. Соли 1975 паҳлавони номвар Саидмуъмин Раҳимов дар шаҳри Минск унвони Чемпиони ҷаҳонро соҳиб шуд. Дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвар дастпарварони донишкада Беҳрӯз Хоҷазод ва Хушқадам Хусравов медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст оварданд. Минбаъд кӯшиш мекунем, ки самбочиён ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гиранд, — гуфт Ш. Сафаров.

Инчунин, дар донишкада ихтисоси нав — велосипедронӣ ташкил гардида, барои омӯзонидани он мутахассисони ботаҷриба ҷалб шуданд.

Дар шонздаҳ кафедра 318 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 46 нафарро занҳо ташкил менамоянд.

Шодӣ Сафаров аз он ёдовар шуд, ки аз шумораи умумии омӯзгорон 203 нафарро ҷавонон ташкил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён, ки 6590 нафаранд, 5257 кас таҳсилро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Дар даври дуюм 1261 нафар барои бартараф намудани қарзҳо иштирок намуданд ва 72 шахси дигар бинобар ҳозир нашудан аз сафи донишкада хориҷ шудаанд.

Н. ТИЛЛО,

«Садои мардум»