Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Хатлон 53 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ истеҳсол шуд

№№6(3643) 21.01.2017

гулахмадРаиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни  нишасти матбуотӣ (9 январи соли равон), аз ҷумла қайд намуд, ки сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дастуру супоришҳои муфиду саривақтиашон мардуми Хатлонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намуданд. Зеро сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ба ободонӣ, бунёдкорӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Аз ин ҷост, ки хатлониён нисбат ба солҳои пеш беҳтару хубтар кору фаъолият намуда, дастовардҳои хешро афзун гардониданд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба шарафи 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоиза ва унвони баланди «Вилояти беҳтарин» гардидани Хатлон исботи ин гуфтаҳост.

Соли 2016 аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолгардида 33 фоизаш ба вилояти Хатлон рост меояд, ки  дар муқоиса ба соли 2015 нишондиҳандаи хуб аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда бошад, 53 фоизаш туфайли заҳмати кишоварзони хатлонӣ ба даст омадааст.

Соли сипаришуда аз вилоят ба хориҷи кишвар беш аз 91 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 71 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ содирот шудааст. Инчунин, бори аввал ба хориҷи мамлакат 202 ҳазор тонна семент, 1 миллиону 700 ҳазор ҷуфт ҷӯроб содирот гардид.

Давлат СУЛТОНОВ