Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Кӯҳистони Мастчоҳ калонтарин кони сурма кашф шуд

№16 (4756) 02.02.2024

Геология30-юми январ дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Сардори ин ниҳод Илҳомҷон Оймуҳаммадзода изҳор дошт, ки соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯйи 29 лоиҳа омӯзиши геологӣ ба маблағи 17 миллиону 217 ҳазору 375 сомонӣ дар объектҳои металҳои сиёҳ, ранга, қимматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта як миллиону 76 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои шартномавӣ бошад, аз рӯйи 191 лоиҳа ба маблағи 19 миллиону 59 ҳазору 896 сомонӣ ба иҷро расид.

- Натиҷаи иктишофи геологӣ дар соли 2023 назаррас буда, дар Ривути боло (Кӯҳистони Мастчоҳ) захираи пешакӣ баҳододашудаи сурма ва тилло кашф шуд. Тавсия дода мешавад, ки корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва иктишофи қаблӣ дар объекти мазкур минбаъд ба роҳ монда шавад, зеро натиҷаҳои бадастомада яке аз конҳои калонтарин будани онро тасдиқ мекунад, — зикр кард номбурда.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»