- Аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шӯроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ 1588 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси он Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ. Аз ин теъдод 124 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1379 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 85 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) мебошад.
Аз шумораи умумӣ 1370 диссертатсия тасдиқ шуд, ки аз он 115 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1179 — то барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва 76 парванда барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аст.
Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ таъкид намуд, ки то имрӯз дар шӯроҳои диссертатсионӣ 29 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия диссертатсия ҳимоя намудаанд.
Барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда аз барномаи «Антиплагиат» васеъ истифода мегардад. Истифодаи ин барнома имкон дод, ки ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор гардад, ки падидаи барои илм нанговар аст. Ҳолатҳои даъвои шаҳрвандони хориҷӣ низ оид ба ҳодисаҳои асардуздӣ ҷой дорад, ки он ба обрӯ ва имиҷи давлату миллат латма ворид месозад.
Яке аз ҳадафҳои таъсиси комиссия таъмини қонуният, шаффофият, ҳамчунин мустақилияти пурраи комиссия, аз ҷумла, вобаста набудани он аз дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ — техникии тахассуси олӣ мебошад. Бинобар ин, бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ таъмини заминаи ҳуқуқии шинохту эътирофи ин ниҳод мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст.
ВОРИС,
«Садои мардум»