Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар консерваторияи миллӣ 10 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд

№24 (4286) 19.02.2022

Мирали Достизода- Ҳоло дар Консерваторияи миллӣ аз рӯи 14 ихтисос 359 донишҷӯ таҳсил мекунанд, — изҳор намуд ректори он Миралӣ Достизода 11 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд: — Аз ин шумора 218 нафар бо шакли рӯзона, 113 нафар-ғоибона (фосилавӣ) таҳсил намуда, 23 нафар магистр ва 5 нафар доктор PhD мебошанд. Ҳамчунин, дар консерватория 10 шаҳрванди хориҷӣ — 8 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 кас аз Эрон ва 1 нафар аз ИМА таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 296 нафарро писарон ва 63 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Соли гузашта консерваторияро 137 нафар хатм намуда, тибқи дархостҳои воридшуда аз 88 хатмкунандаи шуъбаи рӯзона 87 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

М. Достизода таъкид намуд, ки гузаронидани консертҳои синфӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимии консерватория маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳисоботи солонаи омӯзгорон қабул мешавад. Аз ин рӯ, бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 41 омӯзгор консертҳои синфиро дар сатҳи баланд баргузор намуданд. Моҳи майи соли 2021, бори нахуст дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи Зиёдулло Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» аз ҷониби хатмкунандагони консерватория рӯи саҳна оварда шуд.

Ҳамчунин, якҷо бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба 110-солагии устоди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов, 90-солагии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва Тоҷикистон Аҳмад Бобоқулов, 80-солагии композиторони маъруф Дамир Дӯстмуҳаммадов ва Аъзам Солиев, 40-солагии фаъолияти эҷодии Қудратулло Яҳёзода ва Амирбек Мӯсозода силсилаконсертҳои устодони барҷастаи санъати тоҷик баргузор гардид.

- Соли сипаришуда 5 устоди консерватория — Қудратулло Яҳёзода, Амирбек Мӯсозода, Муҳаррама Шарифзода ва Фурқат Саидзода бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикис­тон ва Исмоил Назриев бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сарфароз шуданд, — гуфт М. Достизода.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»