Нақшаи воридоти андозҳо дар ноҳияи Лахш соли гузашта 101,5 фоиз иҷро гардид. Корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 10590 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба як соли пеш 2518 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Файзулло Баротзода зикр кард.
Номбурда гуфт, ки даромади умумии кишоварзон 357 миллиону 952 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017- ум 627 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 2500 гектар дар хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонӣ 3033 гектар картошка кишт карда шуд, ки 533 гектар ё ба андозаи 22 фоиз зиёд мебошад. Ҳосили аз майдонҳои картошка ғундоштаи кишоварзон 101321 тоннаро ташкил дод.
Файзулло Баротзода афзуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лахш сохтмони 156 иншоот дар нақша аст, ки 40 адади он аллакай сохта, ба истифода дода шуд.
Қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани экспедитсияҳои сайёҳиву бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон, фароҳам овардани шароити мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатӣ бо ҷалби соҳибкорон шаш меҳмонхонаи замонавӣ ва ҳафт ошхонаи миллии ҷавобгӯйи талаботро сохта, мавриди истифода қарор дод.
- Соли гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 150 нафарро аз ҷумлаи занону духтарони маъюб ба ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуд. Онҳо дар хона ба бофтани ҷӯроб, нимтана, дӯхтани тоқию курта ва болиштҳои гулдӯзӣ машғул мебошанд. Маҳсулоти тайёрнамудаашон дар фурӯшгоҳи маркази ноҳия бо нархҳои дастрас ба савдо гузошта шудааст. Фоидаи бадастоварда барои дастмузд ва харидорӣ намудани ришта масраф мегардад. Ин кори хайр аллакай натиҷаи хуб дода истодааст, — афзуд раиси ноҳия.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»