Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 150 маротиба Суруди Миллӣ садо дод

№ 15.02.2023

Чавонон (2)Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-уми феврали соли равон баргузор шуд, дастовардҳои варзишии ҷавонони мамлакат дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси кумита Абдулло Раҳмонзода, аз ҷумла зикр кард, ки бори нахуст тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии «Ҷоми Осиё-2023» роҳхат ба даст оварда, ҳамчунин, барандаи мусобиқаи «Ҷоми Подшоҳ — 2022» дар Тайланд гардид. Тими миллии ҷавонон оид ба футбол дар Чемпионати КАФА иштирок намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонии дзюдо дар ҷойи аввал қарор гирифта, дар давоми сол мавқеи худро ҳифз намуд ва дар мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam-2022» соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид. Ин дастовардҳо на фақат обрӯ ва нуфузи варзиши тоҷикро болотар бурданд, балки муаррифии шоистаи кишварамон низ гардиданд.

Умуман, соли 2022 аз ҷониби кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 650 варзишгар, аз ҷумла 38 нафар бонувон, аъзои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ба 64 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии кишвар 548 медал, аз ҷумла 150 медали тилло,162 нуқра ва 236 биринҷӣ ворид намуданд. Дар натиҷа, 548 маротиба Парчами давлатии мамлакат баланд афрохта, 150 маротиба Суруди Миллии ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Дар соҳаи кор бо ҷавонон бошад, қариб 40 ҳазор чорабинӣ бо фарогирии беш аз 3,5 миллион ҷавон, волидайни онҳо ва аҳли ҷомеа баргузор гардид.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»