-Дар Хадамот 2156 корхона ва 12663 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии бехатарии саноатӣ 450 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 73 назорати комплексӣ, 194 назорати мақсаднок ва 183 назорати фаврӣ мебошад, иттилоъ дод 15 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим С.А.. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгў набудани фаъолият ва наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 81 корхона ва иншоот супориш оид ба боздошти кор пешниҳод гардида, барои иҷро накардани нишондодҳо ва надоштани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ фаъолияти 20 корхона боздошта шуд. Бинобар риоя накардани коидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 238 500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се маротиба бештар мебошад.
Раҳим С.А. зикр кард, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда як садамаи истеҳсолӣ ва 20 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 14 нафар ҳалок ва 14 нафари дигар маҷрўҳ шуданд.
Оид ба корношоямӣ ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доштани лифтҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти шаҳри Душанбе номбурда гуфт, ки ин ҳолат бинобар нарасидани мутахасис ба миён омадааст. Бино ба гуфти ў, дар шаҳри Душанбе айни замон 3 нафар мутахасиси лифт ва кранҳои борбардор фаъолият доранд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»