- Дар нимсолаи аввали соли 2016 ба 10 нафар ҷазои ҳабси якумра дода, нисбат ба 8 нафар ҳукми сафед гардондан татбиқ карда шуд, -гуфт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти матбуотӣ, ки 18 июли соли равон доир гашт.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ судҳои ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назорати 74270 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳиро баррасӣ намуданд, ки 7729 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Аз 22378 парвандаи оилавӣ 17998 ададаш мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 –ум 226 адад афзудааст. Ба судҳо дар маҷмўъ 6406 парвандаи ҷиноятӣ ворид шуд, ки 5512 адади он баррасӣ гардидааст.
Аз 6295 маҳкумшуда нисбат ба 2693 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст, ки 45 нафарашро ноболиғон, 90 нафарашро занон ва 10 нафарашро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Дар ин давра судҳо 4328 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ оид ба татбиқи чораҳои пешгирӣ ва маҷбуркунии мурофиавӣ (ба ҳабс гирифтан, кофтукови манзил, гўш ва сабт кардани гуфтугўйи телефонӣ ва ғайра)-ро баррасӣ карданд, ки аз онҳо 4317 дархост қонеъ гардонида, 11 ададаш рад карда шуд.
Ғайр аз ин, судҳо 31306 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ карда, ба 28686 нафар ҷазоҳои гуногуни маъмурӣ таъин карданд. Маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда 7.839.130 сомониро ташкил медиҳад.
Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум»