Соли 2022 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 577 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи пешбинишуда 27,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин хусус иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода 15 — уми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки аз 146 корхонаи саноатии ноҳия 77 адад истеҳсоли маҳсулотро дар қиёс бо соли 2021 зиёд намуданд. Даромади корхонаҳо дар 11 моҳи соли сипаришуда 447 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса ба соли 2021 -ум 209,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар маҷмӯъ 1 миллиарду 40 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар қиёс ба соли 2021 -ум 22,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
- Дар мавсими ниҳолшинонӣ, ки аз тирамоҳи соли 2022 оғоз ёфт, то 6 — уми январи соли равон дар ноҳияи Фирдавсӣ 19 ҳазору 337 ниҳоли дарахту буттаҳои гуногун шинонида шуд. То охири мавсим ин рақам ба 45360 бех хоҳад расид, — гуфт Умед Гуреззода.
Қайд гардид, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо оид ба 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 102 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7140 ҷой, 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой, 23 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ дар назар аст.
Ҳоло дар ноҳияи Фирдавсӣ 295 хоҷагии деҳқонӣ, 2 хоҷагии ҷамоавӣ ва 19 гармхонаи доимоамалкунанда фаъолият мекунад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»