15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода иброз намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия аз рӯи контингенти умумӣ 1 миллиарду 56,4 миллион сомонӣ муқаррар шуда, иҷроиш 108,2 фоизро ташкил дод.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2023-юм 435,2 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба буҷети маҳаллӣ 452,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 103,9 фоизи нақша мебошад. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 438,7 миллион сомонӣ муқаррар шуда, ба маблағи 436,2 миллион сомонӣ иҷро шуд, ки 99,4 фоизи нақша аст.
- Дар ҳудуди ноҳия 311 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо истеҳсоли 78 навъи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия, дар маҷмӯъ, ба маблағи 1 миллиарду 744,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 345,3 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 124,8 фоизро ташкил медиҳад, — афзуд Тоҷиддин Саидзода.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»