Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар садамаҳо 522 нафар ҳалок гардид

№23 (4919) 19.02.2025

1-Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 аз ҷониби ҳамаи субъект­ҳои баҳисобгирӣ 22315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли 2023-юм 996 ҳолат зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 75 ҳолат (соли 2023-юм 57 ҳолат), роҳзанӣ — 28 (2023 — 19), ғоратгарӣ — 86 (2023 — 107), таҷовуз ба номус — 41 (2023 — 47), авбошӣ — 1663 (2023 — 1414), дуздӣ — 3858 (2023-4241) ва қаллобӣ 3480 (2023 — 2762) ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

- Соли 2024 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 90 нафар барои содир намудани 67 ҷиноят ошкор гардид. Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 343 силоҳи оташфишон мусодира карда шуд, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 27 адад зиёд мебошад,- иброз намуд Р. Раҳимзода.

Иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида дар мамлакат 1233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 122 ҳолат бештар аст. Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 552 нафар ба ҳалокат расида, 1353 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Аксар садамаҳои нақлиётӣ аз сабаби баланд кардани суръат, дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, риоя накардани талаботи чароғаки роҳнамо, дар қатори дуюму сеюми роҳ нигоҳ доштани воситаи нақлиёт ва баромадан ба самти муқобил мебошад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»