Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар шаҳри Турсунзода соли 2022 ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

№ 15.02.2023

ТурсунРаиси шаҳри Турсунзода  Парвиз Акрамзода зимни пешниҳоди посух ба суоли хабарнигорон оид ба иҷрои нақшаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат иброз дошт, ки дар шаҳри Турсунзода, ки яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 19 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 222,1 миллион сомонӣ ё ин ки 27,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 86 навъ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2021 — ум 11 навъ зиёд мебошад.

Хабарнигорон оид ба тадбирҳои вобаста ба сазовор пешвоз гирфтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданию полезӣ, иҷрои нақшаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмири роҳҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба рушди шаҳр саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»