Зимни нишасти матбуотие, ки 4 августи соли равон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баргузор гардид, муовини аввали раиси шаҳр Неъматулло Кабирзода иброз дошт, ки ҶСК «Азот» давоми шаш моҳи сипаригардида ба маблағи 42,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Аз ҷумла карбамит – 8315 тонна, аммиак – 22, углекислот – 42,4 тонна ва кислород 2898 м³.
Гуфта шуд, ки айни ҳол дар ин корхонаи саноатӣ зиёда аз 1000 коргар ба кор ҷалб гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1250 сомониро ташкил медиҳад.
Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» нисбати шикояти сокинон аз дуди ғализи ин корхона Неъматулло Кабирзода гуфт, ки дар ҶСК «Азот» баъзе корҳои сохтмонӣ ба анҷом нарасидааст ва баъди ба охир расидани онҳо ин мушкилот бартараф хоҳад шуд.
Зикр шуд, ки дар шаҳри Левакант давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 173 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 61,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»