- Дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 6 мушовара баргузор гардида, натиҷаи аттестатсия ва аккредитатсияи 47 муассиса, иҷозатномадиҳии 142 муассиса ва санҷиши сифати таҳсилот дар 499 муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, — изҳор дошт директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода.
Илова бар ин, фаъолияти 441 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 4771 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 678 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 2567255 нафар тарбиятгиранда, хонанда ва донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
- Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 2166 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо аз фанҳои забони русӣ (229 нафар), забони англисӣ (274), математика ва геометрия (191), технологияи информатсионӣ (176), технология (84), физика ва астрономия (82 нафар) мебошад, — зикр намуд Шоҳин Саидзода.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»