Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Вахш 150 иншоот бунёд мегардад

№95 (4515) 29.07.2022

10Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Вахш бунёди 150 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тавре раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсуфов зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июли соли ҷорӣ баргузор гардид, иттилоъ дод, дар шаш моҳи аввали сипаригашта 5 адад иншоот бо ташкили 25 ҷои нави кор ба истифода дода шуд.

- Инчунин, дар 48 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, бомаром идома дорад, — ёдовар шуд раиси ноҳия ва афзуд: — Дар бунёду сохтмони иншооти зикршуда саҳми соҳибкорони маҳаллӣ назаррас аст. Бахусус, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Юсуфзода Бароталӣ корхонаи нассоҷӣ бунёд шуда истодааст, ки арзиши лоиҳавии он беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Қурбоналӣ Юсуфов афзуд, ки дар ноҳия бунёди Коллеҷи аграрӣ низ бомаром идома дорад, ки маблағи сохтмон беш аз 48 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»