Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 123,8 фоиз расид

№90-91 (4510-4511) 21.07.2022

аХМАДЗОДАРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки  дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,1 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123,8 фоиз расонида шуд. Диққати асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар ин давра 646,1 ҳазор тонна семент ва 695,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум суръати афзоиши истеҳсоли нахи пахта 144,9 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардид.

 Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 3 миллиарду 365 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ба 112,1 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2021 баробар аст. Дар соҳаҳои  растанипарварӣ ба маблағи 1 млрд. 647 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 млрд. 718 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 6 миллиону  500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 109 фоиз, 115,4 ва 110,3 фоиз таъмин гардидааст.

Зимни нишасти матбуотӣ масъулин бештар бобати афзун намудани ҷойҳои кор, болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо, муносибатҳои ҳасанаву иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, таъмини мутахассисони ҷавон бо кору манзили зист, дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои минералии истеҳсоли худӣ ва ғайраҳо пурсида шуданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»