Аз нишасти матбуотӣ

Дар заминаи қонун хароҷоти буҷет коҳиш ёфт

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSC_0814Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қурбониён Абдусалом Карим 29 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бинобар буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тағйирот ворид гардида, ҳаҷми хароҷоти он ба маблағи 450 миллион сомонӣ кам карда шуд.

Бино ба гуфти ӯ, ин маблағ аз ҳисоби хароҷотҳои дуюмдараҷа, ба монанди хариди мошинҳои хизматӣ, мебел ва таъмири биноҳои идораву корхонаҳои давлатӣ ихтисор гардид. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 0,2 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии он ба 21,9 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра Буҷети давлатӣ ба маблағи 8,2 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 99,4 фоиз таъмин гардид, ки дар қиёс ба як соли пеш 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 95,9 фоиз, қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 108 фоиз таъмин шуд. Мақомоти андоз нақшаи даромади андозҳоро 104,8 фоиз таъмин намуда, 4,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид кардаанд. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ бошад, ба буҷет 1,7 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки 86,4 фоизи нақшаро ташкил дода, 266,6 миллион сомонӣ кам мебошад.

Қурбониён Абдусалом Карим гуфт, ки дар ин давра аз Буҷети давлатӣ барои дастгирии қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 369,7 миллион сомонӣ (92,5 фоизи нақша) ҷудо шуд.

Дар ҷумҳурӣ 67 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,7 миллиард доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Қарзи берунии Тоҷикистон 2,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, ба 35,8 фоизи ММД баробар гардидааст.

Бино ба гуфти вазир, аз сабаби он ки Тоҷикистон аз рӯйхати кишварҳои фақир берун шуд, ҳаҷми маблағҳои грантӣ коҳиш ёфтааст.

 

Ш. АТОБУЛЛО,

«Садои мардум»